Баргузории семинари илмӣ бо донишҷуёни Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
04 июни соли 2026 дар партави татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бахшида ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки таҳсилкунандагони факултети мазкур семинари илмӣ баргузор гардид. Дар раванди чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони «Атом»-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ — Бобоёров Меҳровар, Шокиров Манучеҳр, ва Баҳронов Соҷидхон ва аз тарафи Бахши миллии “Хонуми Ядроӣ” – Сайдуллозода Рисолат маърузаҳо ба шунавандагон вобаста ба маълумоти муфассал оиди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пешрафти илми ватанӣ, дастовардҳои муҳими илмӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешниҳод гардид. Ҳамчунин фаъолияти Озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, самтҳои асосии таҳқиқотӣ ва нақши он дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, “радиатсия чист ва таъсири он ба ҳаёти инсон”, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ва бонувон ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мақоми зан дар ҷомеа, фарҳанг ва маорифи кишвар. Вобаста ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” пешкаши шунавандагон намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи ҳадафҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ, дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон бо таваҷҷуҳи зиёд ва арзёбии мусбат пазируфта шуд. Мазмуну муҳтавои чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи хонаддагон дар ин самт, мусоидат намуда, аҳаммияти онро дар раванди таълиму тарбия ва пешбудри илми тоҷик боз ҳам тақвият бахшид. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ ҷалби ҷавонон баҳри пешбурди олимони тоҷик дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар давоми сол ба таври мунтазам идома дода мешавад.